Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ихроҷи Валентина Чупикро манъ кард
Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо як қарораш рӯзи 30-юми сентябр ҳадди аққал то 17-уми октябр ихроҷи раҳбари созмони ғайридавлатии “Тонг Ҷаҳони”(“Субҳи ҷаҳон”) Валентина Чупик аз боздоштгоҳи Русияро манъ кард.