"Санадҳои Пандора". Ошкор шудани "дороиҳои пинҳон"-и раҳбарони ҷаҳон
Шуморе аз муассисаҳои бузурги расонаӣ 3 октябр санадҳоеро нашр карданд, ки аз сарватҷамъкунии пинҳони раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон, Малик Абдуллоҳ – подшоҳи Урдун, Андрей Бабиш – нахуствазири Чехия ва наздикони Владимир Путин – президенти Русия нақл мекунад.