Боздошти як зодаи Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ дар Русия
Дар шаҳри Пушкини Русия як зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Боздошти Фирдавс Сулаймонови 42-сола, ки ба иттилои расонаҳои русӣ, «дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ буд», охири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.