"Толибон" пас аз латукӯби Ҳоҷӣ Бобо паноҳҷӯёнро аз Ишкошим рондаанд
Нерӯҳои "Толибон" садҳо паноҳҷӯйи афғонро аз ноҳияи Ишкошими Афғонистон, ҳаммараз бо Ишкошими Тоҷикистон, ронда, ба гуруҳи боқимонда як рӯз муҳлат додаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Волии "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон аз ин афрод "беҷошудагони дохилӣ" ном бурдааст.