Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2021

Путин ва Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд 

0
Путин ва Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд 

Дафтари матуботи Кремлин гуфт, рӯзи 5-уми октябр президентони Русия ва Тоҷикистон - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин нахустин сӯҳбати телефонии ду раҳбар баъди поёни моҳи сентябр аз ҷониби як мақоми вазорати умури хориҷии Русия ба мусолеҳа даъват кардани Душанбе ва ҳукумати “Толибон” мебошад. Маълум нест, ки оё президенти Русия, ки бар хилофи раҳбари Тоҷикистон аз ҷонибдорони  муколама бо “Толибон” мебошад, ин навбат шахсан  президент Эмомалӣ Раҳмонро ба тағйири мавқеаш дар нисбати мақомдорони кунунии Кобул даъват кардааст ё на.  

Дар хабари расмии Кремлин омадааст, ки ду раҳбар таҳаввулоти ахири Афғонистонро баррасӣ карда, “мувофиқа намуданд, ки дар тамоси доимӣ хоҳанд буд”. Русия гуфтааст, “тамоюли мутақобила ба тақвияти ҳамаҷонибаи шарикии стратегиву шарикӣ дар  равобити Тоҷикистону Русия таъкид гардид”.  

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар робита бо ин хабар гуфтааст, ки тамаркузи вижа ба масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар масоили амниятӣ, бавижа таҳкими моддиву фанни сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар Афғонистон” карда шуд.  

Сӯҳбати ду раҳбар дар рӯзи зодрӯзи 69-уми Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд ва президент Путин дар барқияи табрикотиаш қабл аз ин саҳми раҳбари Тоҷикистонро дар тахмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ситоиш кардааст.  Зимнан, президенти Тоҷикистонро дар ин рӯз раҳбарони дигари сиёсии кишварҳои хориҷӣ ҳам табрик карданд. 

Гурӯҳи тундрави “Толибон” баъди 20 соли сарнагунӣ аз қудрат бо тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ ва фирори ҳукумати пешини Ашраф Ғанӣ миёнаҳои моҳи август сари қудрат омад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон яке аз камтарин раҳбарон дар минтақа аст, ки  мухолифташ бо режими “Толибон”-ро ошкоро баён карда хостори эҷоди ҳукумати фарогир аз намояндагони қавму гурӯҳҳои мухталифи ҷамъиятии Афғонистон шудааст. “Толибон” ва раҳбарони созмонҳои ҷонибдори ин гурӯҳи ҷангӣ дар Афғонистон дар вокуниш аз Душанбе талаб карданд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат накунад. 

Рӯзи 30-юми сентябр Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт,  Маскав аз  афзоиши  таниш  байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст . Ӯ ба овардани неруҳо аз ҳарду  тараф ба марз таъкид карда гуфт, “даъват мекунем, ки Душанбе ва Кобул роҳҳои барои ҳарду ҷониб муносиби ҳалли авзоъро ёбанд." Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо расман ҳеҷ вокунише накард, вале ба бовари сиёсатшиносони тоҷик, ин изҳорот “иғвоангез” ва то ҷое “таҳқиромез” мебошад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: Городские вокзалы объединяют маршруты





Москва

Два дня, наполненных театром, музыкой, книгами и наукой, — в Парке Горького во 2-й раз прошел Московский детский фестиваль искусств «НЕБО»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин. Главное за день



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Цой

«Я жертва, пострадавшая». Полина Гагарина выступила с громким заявлением. Фигурируют Цой и Кормухина




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Генпрокуратура потребовала передать государству велотрек с Олимпиады-80

После концерта и в дождь дороже: как складываются цены на поездки на такси

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

После концерта и в дождь дороже: как складываются цены на поездки на такси



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России