Маҳдудияти сафари кӯдакони эмшуда ба Русия
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо ба он кишвар маҳдуд кардаанд. Имсол дар Тоҷикистон 9 мавриди сирояти полиомиелити навъи дувум сабт шудааст.