Абулҳасан Банисадр, раисҷумҳури пешини Эрон даргузашт. САДО
Абулҳасан Банисадр, раисҷумҳури аввалин дар ҳукумати исломии Эрон, рӯзи 9-уми октябр дар 88-солагӣ дар Париж (Порис) даргузашт. Хонаводаи Банисадр дар баёнияе рӯзи шанбе навиштанд, "ӯ пас аз як давраи тӯлонии беморӣ дар шифохона ҷон дод".