Расонаҳо: ҷосуси рус маълумот дар бораи "AstraZeneca"-ро дуздидааст
Намояндаи сарвазири Бритониё ба суол дар бораи дуздида шудани формулаи ваксинаи сохтаи ширкати "AstraZeneca" зидди коронавирус аз сӯи хадамоти махсуси Русия посух гуфт.
Ӯ афзуд, ки наметавонад хабари марбут ба кори хадамоти махсусро шарҳ диҳад ва зидди Русия низ айб эълом накардааст.
Бино ба навиштаи нашрияи The Sun ва як қатор расонаҳои маҳаллии дигар, хадамоти махсуси Бритониё ҳукумати он кишварро огаҳ кардааст, ки соли гузашта як ҷосуси рус аз ширкати AstraZeneca маълумот дар бораи истеҳсоли ваксинаро дуздидааст ва он дар сохтани ваксинаи русии "Cпутник V" зидди коронавирус истифода шудааст.
Усули таъсири ҳар ду ваксина -- "Cпутник V"-и русӣ ва "AstraZeneca"-и бритониёӣ ба ҳам монанд аст. "Cпутник V" моҳи августи соли гузашта дар Русия ва "AstraZeneca" моҳи декабри 2020 дар Бритониё сабти ном шудаанд. Коркарди ин ваксинаҳо моҳи марти соли гузашта, баъди оғози пандемияи коронавирус шуруъ шуда буд.
Дар Бунёди сармоягузории бевоситаи Русия гуфтанд, хабари дуздида шудани маълумот дар бораи ваксинаи бритониёӣ аз сӯи ҷосуси ин кишвар асос надорад ва он бо истинод ба манобеи беном нашр шудааст.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар посух ба ин суол "The Sun"-ро "нашрияи ғайриилмӣ" номид.