СБП ба Кристалина Георгиева "эътимод ва боварӣ" баён кард
Вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен гуфт, ки дар сӯҳбати телефонӣ бо Георгиева гуфтааст, ки масъалаи гӯё сохтакорӣ шудани оморҳои таҳқиқот нигарониҳои қонуниро ба вуҷуд овард ва ИМА бовар дорад, ки “иқдомҳои фаъолона бояд барои эҷоди боварӣ ба кори СБП татбиқ шаванд”.
Исми Георгиева дар робита бо як қарори ногаҳонии Бонки ҷаҳонӣ моҳи сентябри имсол расонаӣ шуд, ки гуфт, дигар аз таҳияи гузориши“Doing Business” даст мекашад, чун, як таҳқиқи бетарафона нишон додааст, ки дар таҳияи нашрҳои солҳои 2018 ва 2020-и ин гузориш номувофиқатҳое ошкор шудааст, ки ба манфиати Чин будааст. Георгиева он замон мудири иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ буд. Худи ӯ рӯзи 16-уми сентябр гуфт, ки бо натиҷаҳои таҳқиқи гузориши соли 2018-и “Doing Business” “дар асл” розӣ нест.
Барои таҳқиқи дурустии иттиҳомот як ширкати мустақили бозрасӣ ҳам ҷалб шуд.
Гузориши “Doing Business” ба вазъи соҳибкориву тиҷорат дар кишварҳо ва ислоҳоти иқтисодӣ баҳогузорӣ мекард. Таҳқиқот маълум намуд, ки Чин баъди дар соли 2017 ба мақоми 78-ум расиданаш шикояте кардааст. Таҳқиқ маълум кардааст, ки соли 2018 натиҷаҳои Чин бояд аз ин ҳам поинтар мешуд. Вале, тавре бозрасӣ маълум кардааст, президенти баъдии Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ким ва Георгиева бо коргарон мулоқот карда аз онҳо хостанд, ки методологияи арзёбии вазъи Чинро бозбинӣ кунанд. Дар натиҷаи ин кор, мақоми Чин ҳафт зина боло рафта, ин кишвар дубора дар мақоми 78-ум қарор гирифтааст.