"Саги кӯча соҳиб дорад, мо не." Додхоҳии як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия. ВИДЕО
Беш аз сад муҳоҷири тоҷик дар деҳаи Шубини Воронеж иддао доранд, ки корфармо онҳоро фиреб дода, ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон ба гуфтаи худашон се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон омаданд, вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс қарздор шудаанд.