Ё ҷои кор, ё интиқол ба кишвари сеюм. Мушкили асосии паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО
Гурезаҳо ба Филиппо Грандӣ аз ояндаи норӯшани худ шикоят карданд, чун ба гуфтаи онҳо дар Тоҷикистон ҷойи кори муносиб надоранд, ба кишвари севум рафта наметавонанд ва бозгашт ба Афғонистон номумкин аст. Комиссари СММ ба паноҳҷӯён ваъдаи мушаххас надод.