Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Март
2022

Дар "Ҷоми Наврӯз" Узбекистон ғолиб, Уганда дуюм ва Тоҷикистон сеюм шуданд

0
Дар

Дастаи мунтахаби миллии футболи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ тими миллии Угандаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, барандаи "Ҷоми Наврӯз-2022" гардид. Бозии ниҳоӣ шоми сешанбеи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангон баргузор шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дар ҳайати дастаи ғолиб Элдор Шомуродов се гол зада, хет-трик кард. Голи аввалинро дар ин дидор ҳамдастаи ӯ Ҷалолиддин Машарипов ба самар расонид. Ду голи мунтахаби Угандаро Фаруку Мия ва Милтон Кариса заданд. Сардовари ин бозии ҳалкунанда Сайёдҷон Зайниддинов аз Тоҷикистон буд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Ҷоми Наврӯз-2022" дар рақобат барои ҷойи сеюм, ки 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангон баргузор шуд, тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 54-ум ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали бозӣ ба Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон) ва Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон) ва дар нимаи дуюм ба Одилҷон Абдураҳмонов (Қирғизистон) ва Ваҳдат Ҳанонов корти сурх нишон дода шуд ва онҳо майдонро тарк карданд. Инчунин бархе аз бозигарони ҳарду даста корти зард гирифтанд.

Умуман, ин бозии 15-ум миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи ҳарду даста ба шумор мерафт. Дар 9 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 бозӣ бозигарони қирғиз пирӯз шудаанд, се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Таносуби тӯбҳо 21-12 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон аст.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбекистон, ки мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шуд, бо «Ҷоми Наврӯз-2022» ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Уганда барои ҷои дуюм бо медалҳои нуқра ва мунтахаби Тоҷикистон барои ҷои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Уганда ва Узбекистон – иштирок карданд. Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз ёфт.

Бозӣ муқобили Уганда аввалин бозие буд, ки мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, анҷом дод ва аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 1:1) мағлуб шуд.

Сармураббӣ Сегрт гуфт, “мусобиқа дар Намангон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шумор мерафт, ки моҳи июни имсол дар Бишкек доир мегардад.”

 

«Ҷоми Наврӯз-2022»

Бозӣ барои ҷои сеюм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Парвизҷон Умарбоев, 54 – аз пеналти.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев (Фирдавс Чақалов, 46), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Ислом Зоиров, 63), Алишер Ҷалилов (Меҳрубон Каримов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов (Искандар Ҷалилов, 87).

Аз майдон хориҷ шуданд: Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон), 23, Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон), 23, Одилҷон Абдураҳмонов (Қирғизистон), 52, Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон), 85 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Акобирхоҷа Шукуруллоев (Узбекистон).

29-уми март. Намангон. Варзишгоҳи марказӣ. 1517 тамошобин.

 

Финал

Узбекистон – Уганда – 4:2

Голҳо: Ҷалолиддин Машарипов, 35 (1:0). Элдор Шомуродов, 40 (2:0). Фаруку Мия, 53 (2:1). Элдор Шомуродов, 55 (3:1). Элдор Шомуродов, 73 (4:1). Милтон Кариса, 77 (4:2).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

29-уми март. Намангон. Варзишгоҳи марказӣ. 19 127 тамошобин.





Губернаторы России
Москва

Собянин сообщил о планах развития специализированной медпомощи в Москве





Москва

Бухалово и Париж: откуда появились необычные и смешные названия населенных пунктов в России


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах развития специализированной медпомощи в Москве



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Андрей Макаревич

Певец Юлиан выступил с песней Макаревича на концерте в Петербурге




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Спартак" обыграл "Рубин" в последнем матче Джикии

"Спартак" обыграл "Рубин" со счетом 3:1

В столице Туркменистана - Ашхабаде открыли памятник легендарному армянскому поэту и композитору Саят-Нове


Новак Джокович

Джокович выступит на турнире АТР по уайлд-кард в третий раз в карьере



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Посол Ирана рассказал о встрече с Путиным по поводу ЧП с вертолетом Раиси



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






RSS Telegram
Copyright © 29ru.net