"Изҳорот"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Шерзамонов ҷаласа ва 13 ҳазор долларро рад кард
Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳорот бидуни ҳеч зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.