Тоҷикони аз 40 то 65-соларо ба ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд, вале бо нархи гаронтар. ВИДЕО
Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, муодили 5350 доллар, ҳисоб шудааст. Дар соли 2019 беш аз 35 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби онвақта 3750 доллар) буд.