"Чӣ гуна ба худаш 26 корд задааст?" Баҳси марги Манора дубора бархост. ВИДЕО
Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги баҳсбарангези як зани ҷавон дар Файзобод оғоз кардааст. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод ёфтанд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш бовар надоранд.