Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Октябрь
2022

"Барои нома азият доданд". Дидори пайвандон бо Пирмуҳаммадзода дар боздоштгоҳ

0

Мақомот ба пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 22-уми октябр иҷозаи дидор додаанд.

Ӯ дар ин дидор гуфтааст, ки пас аз нашри муҳтавои номааш мақомот ӯро азият доданд.

Ин суҳбат як рӯз пас аз нашри муҳтавои номаи Пирмуҳаммадзода дар Радиои Озодӣ сурат гирифтааст.

Ӯ дар номааш навишта буд, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа маҷбураш мекарданд, то иттиҳоми, ба қавлаш, “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор, рӯзи 24- уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш, писари хурдсолаш ва хоҳарам дар боздоштгоҳ бо ӯ мулоқот кардаанд. Ӯ гуфт, рӯзи мулоқот пеш аз нашри муҳтавои номаи Пирмуҳаммадзода дақиқ шуда буд ва он ба нашри нома ҳеч рабт надорад.

“Абдусаттор дар мулоқот ба ҳамсару хоҳарам гуфтааст, ки баъди чопи номааш дар расонаҳо мақомоти зиндон ӯро бозпурсӣ намуда, азияташ додааанд. Пурсидаанд, ки чӣ гуна ин нома бидуни иҷозати онҳо ба берун баромадааст. Чаро ин номаро навиштааст. Ӯро ба як утоқи алоҳида бурда бозпурсӣ намуда, дубора ба утоқаш овардаанд,”—гуфт ӯ.

Бародари Абдусаттор аз қавли хоҳараш мегӯяд, вақте бо ӯ суҳбат доштанд, дар чеҳрааш осори латукуб набуд, вале афсурдатар ба назар мерасид.

“Баъди нашри ин номаи пурдарду алам пайвандонамон сахт дар ташвиш шудаанд ва аз саломатиаш нигарон ҳастанд. Ба Раёсати маҳбасҳо нома навишта, мехоҳанд зуд-зуд аз ҳолаш бохабар шаванд, вале дар посух иҷоза надодаанд ва гуфтаанд, ки пас аз 15 рӯз дигар метавонанд мулоқот кунанд,”-- мегӯяд Абдукарим.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номааш навишта буд, ки зери фишору таҳдид ба гуноҳи нокарда эътироф кардааст. Ӯ навишта буд, “ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам. Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам”.

Пайвандонаш рӯзи 9-уми октябри имсол шикоят карда буданд, ки Пирмуҳаммадзода “зери фишор” ба гуноҳ “иқрор кардааст” ва аз мақомот хостанд, онро аз эътибор соқит кунанд.

Мақомот дар гузашта ва ҳоло ба суолҳо дар пайванд ба қазияи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва рӯзноманигорону блогерон ва фаъолони дигари боздоштшуда посух надодаанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин назвал крупнейшие инвестпроекты, реализованные в Москве в прошлом году





Москва

Лукашенко лоббирует интересы Алиева по изоляции Армении


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин назвал крупнейшие инвестпроекты, реализованные в Москве в прошлом году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Филипп Киркоров

Филипп Киркоров в жюри и неожиданный приз от Сергея Жукова на грандиозном финале “Новой Фабрики звезд”




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Спартак" обыграл "Рубин" со счетом 3:1

В столице Туркменистана - Ашхабаде открыли памятник легендарному армянскому поэту и композитору Саят-Нове

"Спартак" обыграл "Рубин" в последнем матче Джикии


Вера Звонарёва

Звонарёва проиграла американке Крюгер в квалификации турнира в Страсбурге



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Соловьев: вертолет президента Ирана Раиси могли намеренно сбить



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России