Аз Шарл Мишел хостанд, дар сафараш ба Осиёи Миёна масъалаи ҳуқуқи башарро матраҳ кунад
Чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел даъват кардаанд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни сафараш ба Қазоқистон ва Узбекистон "масъалаҳои мубрам" дар заминаи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад.