Дар Тоҷикистон як ҷарроҳии нодир анҷом шудааст
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз анҷоми як ҷарроҳии нодир дар кишвар хабар дод. Дафтари матбуотии Вазорати дар хабарномае гуфт, пизишкони "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон" “Шифобахш” дар як ҷарроҳии нав ду дугоники бо ҳам часпидаро ҷудо карданд. Ба гуфтаи манбаъ, як зан аз ноҳияи Восеъ дар батни худ дугоник дошт, ки бо ҳам часпида буданд. Пизишкон ба воситаи буриши қайсарӣ тифлҳоро берун мегиранд ва маълум мешавад, ки яке аз онҳо, ки ҷинсаш писар аст, аллакай фавтидааст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд",-гуфтаанд масъулини Вазорат. Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё "дугоникҳои сиамӣ" ба гуфтаи вазорати тандурустӣ, яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар тамоми дунё ба ҳисоб рафта, ҷарроҳии гузарондашуда таҷрибаи хубе барои пизишкон гардид. Аҳволи дугоники зиндамонда хуб гуфта мешавад.