Темур Раҳимов дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ҷойи аввалро гирифт
Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳристи нави варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ нашр кард, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошт.