Собиқ вазири дифои Қазоқистон ба сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад
Додситонии кулли Қазоқистон Берик Асилов мегӯяд, собиқ вазири дифои ин кишвар Мурод Бектанов дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 "фармонҳои ғайриқонунӣ содир карда, иншооти стратегии низомиро бе муҳофизат гузоштааст".
Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов 5 январ дар порлумони он кишвар дар бораи ҳодисаҳои хунини "январӣ" ҳисобот дод. Ӯ гуфт, Бектанов бо гумони сӯиистифода аз мақом дар вазъияти ҷангӣ дар зиндон аст.
Ба гуфтаи Асилов, маъмурони интизомии Қазоқистон ҳанӯз пеш аз фармони президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи истифодаи силоҳ ба сӯи тазоҳургарон тирандозӣ карданд.
Истифода аз силоҳ дар ҳодисаҳои "январӣ"-и Қазоқистон бори аввал рӯзи 5 январ ҳангоми пешгирӣ аз ҳамла ба қароргоҳи Тоқаев сабт шуда буд. Фармони Тоқаев дар бораи истифодаи силоҳ 7 январ содир шуд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, дар миёни қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январ 67 кас дар ҳамла айбдор мешаванд. Муфаттишон 142 қурбонии дигарро ба нақзи ҳолати фавқулода ва амалиёти зиддитеррористӣ айбдор кардаанд.