Шароити кор хуб, аммо роҳи расидан мушкил. Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Корея. ВИДЕО
Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Кореяи ҷанубӣ ба ҷангалбурӣ машғуланд, мегӯянд, рӯзе то 100 доллари Амрикоӣ маош мегиранд. Онҳо бо ирсоли наворе ба Радиои Озодӣ аз шароити корашон нақл карданд. Муҳоҷирон мегӯянд, кору маошашон дар ин ҷо беҳтар аз Русия аст.