Боздошти ду духтари наврас дар Исфара барои шиканҷаи як ҳамсолашон
Дар шаҳри Исфара алайҳи ду духтари ноболиғе, ки дар наворе ҳамсолашонро латтукӯб карда, ба дарё партофта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ боздошт шудаанд.