Пуле, ки бар асари таркиш дар Хоруғ хароб шуда буд, бозсозӣ шудааст. ВИДЕО
Пули назди бозори шаҳри Хоруғ, ки ду маҳаллаи ин шаҳрро ба ҳам мепайваст, бозсозӣ шудааст.
Ин пул шаби 28-уми майи соли гузашта дар пайи сӯхтори бозор хароб шуда буд.
Мақомот гуфта буданд, ки ҳангоми сӯхтор зарфи гази моеъ таркида, пулро хароб кардааст.
Ҳукумати вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст, ки пул комилан барқарор шудааст.
Ин пул 100 метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ дорад.
Видео аз пули харобшударо инҷо бинед:
Сокинон мегӯянд, таъмири ин пул, ки танҳо як тарафаш хароб шуда буд, беш аз шаш моҳ вақт гирифт. Дар ин муддат сокинони як маҳаллаи шаҳр барои расидан то бозор роҳи дуреро тай мекарданд.
Ин пул дар шабу рӯзе хароб шуд, ки мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон амалиёт анҷом дода буданд. Сокинон ва созмонҳои ҳуқуқ ин амалиётро саркӯби эътирозгарон номиданд. Мақомот мегӯянд, гурӯҳҳои ҷиноиро "боздошт ва безарар" кардаанд.
Дар ин ҳодиса беш аз сӣ кас кушта ва беш аз 200 нафар боздошт шуданд.