Як эрониро барои омодагӣ ба ҳамлаи "бузурги террористӣ" дар Олмон боздошт карданд
Пулиси Олмон як сокини вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолиро бо иттиҳоми омодагӣ ба амали террористии бузургмиқёс боздошт кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Олмон, ин нафар бо воситаи заҳри сианида ва ритсин мехост, мардуми зиёдеро заҳролуд созад.
Мақомот шахсияти гумонбарро ошкор накардаанд. Танҳо ин маълум аст, ки ӯ шаҳрванди Эрон буда, дар шаҳраки Кастроп-Рауксел дар ғарби Олмон зиндагӣ мекардааст. Дар изҳороти мақомот гуфта мешавад, ки ӯ ҷонибдори як равияи ифротии исломӣ будааст.
Пулис ӯ ва як нафари дигарро, ки ҳамроҳаш дар хонаи иҷора қарор дошт, боздошт кардааст.
Ритсин, як модаи кимиёиест, ки онро силоҳи биологӣ ҳисоб мекунанд.
Мақомоти Олмон пеш аз боздошт гумонбарро назорат мекарданд. Ба гуфтаи мақомот, иттилоъ дар бораи ӯро аз хадамоти ҷосусии як "кишвари дӯст" дарёфт карда буданд.
Чор сол пеш дар шаҳри Кёлн як шаҳрванди Тунисро бо ҳамсари олмониаш боздошт карданд, ки бо чунин шева маводи худсохти тарканда омода мекарданд. Пулис замоне ба онҳо шубҳа кард, ки тариқи интернет маҳсулот барои омода кардани маводи тарканда мехариданд.
Онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.
Коршинсон гуфтанд, маводе, ки онҳо омода карда буданд, эҳтимол дошт, то 13,5 ҳазор нафарро бикушад.