Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқро хатарнок гуфтанд
Роҳи Душанбе -Чаноқ, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, ин шабу рӯз барои ҳаракати нақлиёт хатарнок боқӣ мемонад.
Ширкати IRS, масъули нигоҳубини шоҳроҳ мегӯяд, субҳи имрӯз ду тармаи азим дар километрҳои 69-ум ва 71-ум роҳро муваққатан баст.
Масъулини ширкат гуфтаанд, баъди рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ равуои мошинҳо барқарор карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, корбарони Радиои Озодӣ низ бо фиристодани аксу наворҳо аз мушкил гардидани равуои мошинҳо тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ хабар доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки агар бисёр зарур набошанд, аз ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳистон худдорӣ намоянд.