Оғози Универсиадаи зимистона дар ИМА, аммо бе иштироки Тоҷикистон
Универсиадаи XXX ҷаҳонии зимистона аз 12-ум то 22-юми январ дар шаҳри Лейк-Плэсиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ширкати 1443 донишҷӯ (832 мард, 811 зан) аз 50 кишвари дунё баргузор мешавад. Вале варзишгарони донишҷӯи тоҷик дар ин Универсиада иштирок намекунанд.