Тими мунтахаби рамзии соли 2022 аз рӯи фарзияи IFFHS эълон шуд
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) аз рӯи фарзияи худ тими мунтахаби рамзии соли 2022-ро эълон кард, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ташкилот.
Ба иттилои манбаъ, ба ин рӯйхат беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар, капитани тими миллии Аргентина ва бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса Лионел Месси, барандаи феълии ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”, ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид”-и Испания ва мунтахаби Фаронса Карим Бензема, беҳтарин нишонзани Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ҳамлагари тими миллии Фаронса ва бошгоҳи “ПСЖ” Килиан Мбаппе ва дигарон дохиланд.
Дастаи мунтахаби размии IFFHS чунин аст:
Дарвозабон: Тибо Куртуа (Белгия, «Реал» Мадрид);
Ҳимоятгарон: Алфонсо Дэвис (Канада, «Бавария»), Вирҷил ван Дейк (Нидерланд, «Ливерпул»), Йошко Гвардиол (Хорватия, «РБ Лейпсиг»), Ашраф Ҳакимӣ (Марокаш, «ПСЖ»);
Нимҳимоятгарон: Кевин Де Брёйне (Белгия, «Манчестер Сити»), Лука Модрич (Хорватия, «Реал» Мадрид);
Ҳамлагарон: Лионел Месси (Аргентина, «ПСЖ»), Килиан Мбаппе (Фаронса, «ПСЖ»), Карим Бензема (Фаронса, «Реал» Мадрид), Эрлинг Ҳоланд (Норвегия, «Манчестер Сити»).