Нуқтаҳои фурӯши газро дар Узбекистон муваққатан бастанд
Дар вазорати энержии Узбекистон хабар доданд, ки дар робита ба сардии ҳаво фишори газ дар лӯлаҳо кам шудааст.
Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ба ин далел тасмим гирифтаанд, ки дар навбати аввал сокинон, муассисаҳои истеҳсолкунандаи энержӣ ва иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиро бо гази табиӣ таъмин кунанд.
Бо ин ҳадаф интиқоли газ ба бархе аз корхонаҳои бузурги саноатӣ, инчунин нуқтаҳои фурӯши газ барои воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ шудааст.
"Шаҳрвандони муҳтарам, дар ин рӯзҳо, ки якбора сард кардааст, аз шумо мехоҳем, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред ё дар хона бимонед, аз барқ ва гази табиӣ дар манзилҳоятон сарфакорона истифода баред", - омадааст дар хабари вазорати энержии Узбекистон.