Сенаторҳои Қазоқистон нав шуданд
Интихоботи аъзои палатаи болоии порлумони Қазоқистон 14-уми январ баргузор шуд. Номзадҳоро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карданд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон, чаҳор узви сенати пешин курсиҳои худро ҳифз карда, панҷ котиби маҷлисҳои вилоятӣ, чаҳор муовини раисони ноҳияҳо ва ду раиси ноҳия шомили сенат, палатаи болоии порлумони он кишвар шуданд.
Тибқи Конститутсияи Қазоқистон, аз ҳар вилоят, шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва пойтахти ин кишвар ду кас узви сенат интихоб карда мешавад.
Аъзои сенати Қазоқистон бо пешниҳоди президент раис ва додрасҳои Додгоҳи олӣ, ваколатдори ҳуқуқи инсонро интихоб мекунанд ва ҳамчунин ба таъини раиси Додгоҳи конститутсионӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Додгоҳи олӣ ва Додситони кул розигӣ медиҳанд.