Бонки Ҷаҳонӣ барои "Роғун" ба Тоҷикистон 15 млн. доллар медиҳад
Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад. Дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 16-уми январ дар эъломияе гуфт, пул барои дастгирии фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” истифода хоҳад шуд.