Дар Покистон вакили маъруфро дар толори додгоҳ ба қатл расонданд
Полиси Покистон гуфт, вакили мудофеи маъруф ва фаъоли иҷтимоӣ, собиқ раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони додгоҳи олии Покистон Латиф Афридӣ рӯзи 16-уми январ дар дохили додгоҳе дар Пешовар дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд.