Эҳтимол шаҳрдори пешини Тошканд боздошт шудааст
Эҳтимол меравад, шаҳрдори ҳамакнун собиқи пойтахти Узбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳангоми кушиши парвоз ба Туркия ҳамроҳи хонаводааш дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд дастгир шуда бошад.
Манбаъҳои хабаргузории "Газете.uz" гуфтаанд, қарор буд, Ортиқхоҷаев ҳамроҳи хонаводааш ба ҳавопаймои ширкати "Uzbekistan Airways" таҳти рақами "HY 271", ки бо таъхир ба шаҳри Истамбули Туркия парвоз кард, савор мешуд.
Маркази матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 16 январ хабар дод, ки роҳбарони ҳамаи сатҳҳои шаҳри Тошканд барои омода набудан ба вазъи кунунӣ танқид шуданд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев норозигӣ карда, ки теъдоди иншооти худсарона сохташуда ба бештар аз 250 адад расида, нақшаи куллии шаҳр то кунун тасдиқ нагардидааст.
Ортиқхоҷаев "барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон" аз мақом барканор гардидааст. Бахтиёр Раҳмонов, муовини аввали шаҳрдор иҷрокунандаи вазифаи раис таъйин гардидааст.
Ба ҷуз аз раиси Тошканд, ҳамчунин муовини вазири энержӣ, раиси ширкати "Иссиклик электр стансияларӣ", роҳбарони ноҳияҳои Юнусобод, Мирзо Улуғбек, Учтеппа аз мақомҳояшон барканор ва то ба сатҳи иҷрокунандаи вазифа пойин оварда шудаанд.
Ба мақомоти додситонӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти роҳбарони мазкурро санҷад.
Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.