Чаро тӯлонӣ дар қудрат мемонанд: Бо "хости мардум" ё хости худашон?
Ҳокимони Осиёи Марказӣ зуд-зуд Қонуни асосӣ ва ё сохтори идоракунии ҳокимиятро дар кишварҳои худ иваз мекунанд. Мегӯянд, мардум чунин мехоҳанд. Мухолифон онро кӯшиши қонунӣ барои ҳифзи қудрату сарватандӯзӣ ва тӯлонӣ мондан дар ҳукумат медонанд.