Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ду доруи хатарнокро ворид намекунанд. ВИДЕО
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баъди таҳқиқи шикояти Ҷумҳурии Узбекистон аз сифати ду маводи дорувори истеҳсоли ширкати ҳиндии Marion Biotech - шарбати Амбронол ва ДОК-1 Макс (AMBRONOL ва DOK-1 Max) фурӯш ва истеъмоли онҳоро дар қаламрави кишварҳои узви ин ташкилоти вобаста ба СММ манъ кард.