Ҷуфти ҷавон дар Хатлон аз заҳролудшавӣ фавтиданд. Зан ҳомила буд
Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон дар дохили ҳамом аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтидаанд.
Ҳодиса рӯзи 22-юми январ рух додааст.
Шарифбек Шоеви 26-сола ва ҳамсараш Оишаи Саидқулзодаи 21-сола, сокинони ҷамоати Исмоили Сомонии Кушониён, лахчаи ангиштро аз бухорӣ гирифта ба ҳамом гузоштаанд, то гарм шаванд, вале аз дудаш заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ин ду ҷуфт тоза ба ҳам расида будаанд ва Оишаи Саидқулзода дар батнаш тифл доштааст.
Давлатбек Қуватзода, масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Кушониён гуфт, ҷасади зану шавҳари ҷавонро наздиконашон пайдо карда, ба мақомот хабар додаанд.
Дар як ҳафтаи ахир бори дуюм аст, ки заҳролудшавӣ ва марги зану шавҳар дар Хатлон сабт мешавад.
Шамсулло Маҳмадови 33-сола ва ҳамсараш Дилхоҳ Маҳмадова, сокини деҳаи Гулрези ноҳияи Хуросон, рӯзи 20-уми январ аз дуди ангишт заҳролуд шуда буданд. Шамсулло ва кӯдаки сесолааш дар хона ва ҳамсари ӯ Дилхоҳ Маҳмадова дар беморхонаи ноҳияи Хуросон ҷон додаанд. Мақомот сабаби марги ин хонаводаро заҳролудшавӣ аз дуди ангишт гуфт.
Гуфта мешавад, ки дуди ангишт аз сурохи бухорӣ хонаро пахш карда, бошандагонашро заҳролуд кардааст.
Истифодаи бухорӣ ва ангишт дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон василаи асосии гарм кардани хона аст, ки ҳамасола чандин нафар заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасанд.