Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, дар Нуристон 12 толибро ба асорат гирифтааст
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ки ду пойгоҳи Толибонро дар вилояти Нуристон ба оташ кашида, 12 нафар аз афроди гурӯҳи Толибонро асир гирифтааст.
Сибғат Аҳмадӣ, яке аз сухангӯёни ин ҷабҳа шаби гузашта дар сафҳаи худ дар "Тветтер" навишт, ки афроди онҳо пас аз чошти рӯзи сешанбе ба Толибон ҳамла карданд. Ӯ иддао кардааст, ки ба афроди онҳо осебе нарасидааст.
Толибон то кунун дар ин бора вокунише нишон надодаанд. Аммо онҳо низ пеш аз ин аз ворид кардани талафот ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ сухан гуфта буданд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд дар ҳоли ҳозир дар нуқоти гуногуни Афғонистон, аз ҷумла Панҷшер, Бағлон, Тахор ва Бадахшон бо Толибон даргир мебошад.