Манобеъ: Эмомалӣ Раҳмон аз кори Ширин Амонзода шикоят кард
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кори Ширин Амонзода, вазири пешини кор ва муҳоҷират, танқид кардааст. Бар асоси ёфтаҳои Радиои Озодӣ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат гуфтааст, Амонзода дар вазорат “сиёсати нодурусти кадрӣ”-ро ба роҳ монд.