Ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба корхонаи ҳарбии Исфаҳон
Ба як корхонаи низомӣ дар шаҳри Исфаҳони Эрон шаби шанбе ба якшанбе бо ҳавопаймои бесарнишин ҳамла сурат гирифтааст.
Вазорати дифои Эрон хабар дод, ки системаи дифои ҳавоӣ ин бесарнишинро безарар кард ва зиёне ба корхона нарасидааст.
Мақомоти Эрон гуфтаанд, ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки бесарнишин аз куҷо вориди кишвар шудааст.
Расонаҳои Эрон шаби гузашта аз таркиш ва сӯхтор дар чанд корхонаи истеҳсоли нафти Теҳрон ва Табрез низ хабар доданд.
Моҳи июл мақомоти Эрон як гурӯҳ аз курдҳоро бо иттиҳоми харобкорӣ боздошт ва онҳоро барои омодагӣ ба тарконидани корхонаи низомии Исфаҳон гунаҳкор карда буд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо Исроил айбдор шуда буданд.