Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2023

Ҷоми AFC: "Абдиш -Ота" ба даври баъдӣ роҳ ёфт, "Равшан" ноумед шуд

0
Ҷоми AFC:

Дастаи «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон, ки дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар меҳмонӣ тими «Алтин Асир»-и Туркманистонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ғолиби гурӯҳи “Е” шуда, пешакӣ ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфт.

Бозӣ миёни “Алтин Асир” ва “Абдиш-Ота” шаби панҷшанбеи 30-юми ноябр дар варзишгоҳи “Ашқобод”-и шаҳри Ишқобод доир гардид.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳоро Нурмуродов дар дақиқаи 8-ум ва Муродбердиев дар дақиқаи 15-ум ба самар расониданд.

Аммо нимаи дуюми бозӣ бо бартарии комили меҳмонон сурат гирифт ва онҳо ба дарвозаи “Алтин Асир” чаҳор гол заданд. Ду голро Мусобеков дар дақиқаҳои 51-ум ва 65-ум ба ҳадаф расонд Якголӣ ба номи Яғр, (дақиқаи 46-ум) ва Ботирканов (дақиқаи 58-ум) сабт шуд.   

Пеш аз ин бозӣ дар ҳамин варзишгоҳ бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2023/24 миёни дастаҳои «Марв»-и Туркманистон ва «Равшан»-и Тоҷикистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 43-юм, Эммануэл Мваненго, легионери африқоии “Равшан”, дар ҷаримагоҳ ба тӯб соҳиб шуда, бо зарбаи сахту нишонрас ҳисобро кушод.

Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 67-ум, бозигари мизбонон Яхшисает Давлатгелдиев аз назди дарвоза тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар кард.

Ин мусовии сеюми ҳарду даста ба шумор меравад, аммо футболбозони “Равшан” ва “Марв” пирӯзӣ ба даст наовардаанд.

Ёдовар мешавем, “Равшан” бо раҳбарии сармураббӣ Тоҳирҷон Муъминов аввалин бозиашро бо «Марв» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир» бо ҳисоби 1:1 ба поён расонида буд.

Баъдан “Равшан” дар ду бозӣ аз тими «Абдиш-Ота» бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдии мусобиқот маҳрум шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо 13 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Алтин Асир” бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. “Марв” ва “Равшан” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Бар асоси дастури мусобиқот аз гурӯҳи “Е” танҳо дастаи ғолиб - “Абдиш- Ота”, ки пешакӣ мақоми аввалро азони худ кард, ба даври баъдии мусобиқот роҳ пайдо намуд.

Вале тимҳои “Алтин” Асир”,“Марв” ва “Равшан” имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст доданд.

Даври 6-ум ва охирини мусобиқот дар гурӯҳи «Е» рӯзи панҷшанбеи 14-уми декабр баргузор мешавад, аммо натоиҷи бозиҳо барои дастаҳо чандон аҳамият надорад.  

«Равшан» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо «Алтин Асир» ва «Абдиш-Ота» дар майдони худ бо «Марв» бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

 

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

 

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон) – 0:0

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0

21-уми сентябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

 

Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Раҳмон Муродбердиев, 53 (1:1)

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

 

Даври 3-юм

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 0:1

Гол: Эммануэл Яғр, 51 (0:1)

26-уми октябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Голҳо: Камол Аннамуҳаммадов, 60 (1:0). Раҳмон Муродбердиев, 84 (1:1), Салим Нурмуродов, 90+5 (1:2).

26-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашқобод».

 

Даври 4-ум

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Айзар Акматов, 49.

9-уми ноябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)- 1:0

Гол: Ораз Оразов, 34 (1:0.

9-уми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

 

Даври 5-ум

«Марв» (Туркманистон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 43 (0:1), Яхшисает Давлатгелдиев, 67 (1:1).

«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Раҳматшо Раҳматзода, Холмурод Назаров (сарвони даста), Самуэл Офори, Муҳаммадҷон Насков (Бахтовари Хуршед, 88), Шаҳриёри Иноятулло, Айдан Окран, Эммануэл Маабуах, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (Ҳотамов, 88), Амирҷон Сафаров (Масрур Қиёмиддинов, 74), Эммануэл Мваненго.

30-юми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи “Ашқобод”.

 

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 2:4

Голҳо: Нурмуродов, 8 (1:0), Муродбердиев, 15 (2:0), Яғр, 46 (2:1), Мусобеков, 51 (2:2), Ботирканов, 58 (2:3), Мусобеков, 65 (2:4),

30-юми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи “Ашқобод”.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е» 

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

5

4

1

0

10-3

13

2.

 «Алтин Асир» (Туркманистон)

5

2

1

2

6-9

7

2.

«Марв» (Туркманистон)

5

0

3

2

3-5

3

4

«Равшан» (Тоҷикистон)

5

0

3

2

2-4

3

 

Даври 6-ум

14-уми декабр (панҷшанбе)

19:00 «Равшан» (Тоҷикистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон)

19:00 «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»





Москва

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о производстве в Москве умных меток и смарт-карт



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Пётр Чайковский

Фестиваль «Гений места» завершился на родине Чайковского




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


WTA

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Андрей Макаревич

Мечтающего по победе Киева Макаревича* проверят на экстремизм



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России