Тамдиди мӯҳлати боздошти хабарнигори РАО/РО Алсу Қурмашева
Додгоҳе дар шаҳри Қазони Русия мӯҳлати боздошти хабарнигори собиқадори Бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро, ки 18 октябр дастгир шуд, то 5 феврали соли 2024 тамдид кард.
Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Прага кор карда соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва ИМА мебошад, моҳи маи имсол бо зарурати оҷили оилавиаш ба Қазон сафар кард.
2-юми июн, замоне, ки мехост дубора ба Прага баргардад, дар фурудгоҳи шаҳри Қазони Тотористон боздошт шуд ва ҳарду шиносномаашро мусодира карданд. Аз ҳамон замон ӯ натавонист кишварро тарк кунад ва мунтазири бозгардони санадҳояш буд.
Рӯзи 11 октябр Алсу Қурмашеваро барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар сохторҳои Русия ба қайд нагирифт, дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима карданд. Дар ин бора матбуоти маҳаллӣ бо такя ба санадҳои додгоҳӣ хабар дод.
Рӯзи 18 октябр ӯро бори дигар боздошт карда ин навбат барои худро ба ҳайси агенти хориҷӣ ба қайд нагирифтанаш, ҳабс карданд. Ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҷеффри Гедмин, иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО гуфт, «Алсу 45 рӯзро дар Русия пушти панҷара пасисар кард акнун боздошти ноодилона ва дорои ангезаҳои сиёсии ӯ тамдид шудааст”.
Ӯ гуфт, “мо аз мақомоти Русия тақозо мекунем, ки дастрасии консулиро ба Алсу, ҳамчун ҳақи шаҳрвандии амрикоии ӯ таъмин кунанд. Алсу бояд озод шуда бо оилааш бипайвандад”.
Алсу - зиндонии сиёсӣ
Рӯзи 30 ноябр тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" рӯзноманигори бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ эътироф кард.
Сергей Давидис, роҳбари "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" гуфт, ба он хотир Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ унвон кардаанд, ки таъқиби ҷиноӣ ва ҳабси ӯро дар робита ба масъулияти довталабона худро "агенти хориҷӣ" унвон кардан ғайриқонунӣ медонанд.
Ин "ба намоиш гузоштани тамоюлҳои авторитарӣ ва ҳатто тоталитарӣ аст, ки дар бисёре аз мавридҳо ҳоло дар Русия мешоҳида мешаванд" бовар доранд дар "Мемориал".
Кремлин ҳама гуна дахолаташ дар ин қазияро рад кардааст. ИМА мегӯяд, ки ин боз як мавриди дигари аз ҷониби ҳукумати Русия озор дидани шаҳрванди Амрико мебошад. То ҳол ба консулгарии Амрико иҷозаи дидор бо Қурмашева дода нашудааст.