Қазоқистон маҳдудиятҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро бекор кард
Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҳаққи анҷоми парвоз ба фурудгоҳҳои 13 шаҳри Қазоқистонро бидуни маҳдудияте дарёфт карданд.
Вазорати нақлиёти Қазоқистон 2 декабр хабар дод, ки дар якҷоягӣ бо Оҷонси ҳифзи рақобат дар ин кишвар низоми "осмони боз"-ро бо мақсади ҷалби сармоягузорон ба бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ беҳтар карданд.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, ин иқдом ба поин рафтани нархи билетҳо ва беҳтар шудани сатҳи хидматрасонӣ мусоидат мекунад.
Низоми "осмони боз", ки дар доираи он ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҳаққи анҷоми парвозро дарёфт карданд, дар шаҳрҳои Остона, Алмато, Актау, Оқтеппа, Қарағанда, Кокшетау, Павлодар, Петропавловск, Семей, Тараз, Туркистон, Уст-Каменогорск ва Чимкент амал мекунад.