Боздошти 22 узви як гуруҳи ҷиноӣ дар Фарғона
Дар натиҷаи амалиёти "40 рӯзи зарбдор"-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон, ки бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъ ва пешгирӣ аз ҷинояткориҳо ҷараён дорад, 22 узви як гуруҳи ҷиноӣ боздошт шудааст.
Хабаргузории "Газета.уз" иттилоъ дода, ки амалиёт 21 ноябр оғоз шуда, эҳтимол то 31 декабри имсол идома меёбад.
Пулиси вилояти Фарғонаи Узбекистон дар доираи ин амалиёт манзили 248 касеро бозҷӯӣ кардааст, ки "дар олами ҷиноӣ мавқеъ доштанд".
Дар натиҷа 4,75 кг маводи мухаддир, 78 маводи психотропӣ, 41 силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва ашёе, ки метавонистанд ҳамчун силоҳ истифода шаванд, ҳамчунин 45 компютер, телефон ва адабиёти динӣ мусодира карда шудааст. 37 нафаре ҳам дастгир шудааст, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.
Илова бар ин, 22 нафаре дастгир карда шуданд, ки "узви гуруҳи ҷиноӣ буда, ба авбошӣ даст мезаданд".