Дар Қазоқистон ду хабарнигор ба зиндон маҳкум шуданд
Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзноманигорон Владимир ва Наргис Северниҳоро, ки ба "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон" айбдор мешуданд, мутаносибан 7 ва 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои рӯзноманигорон 11 соли зиндон талаб карда буд.
Вакилони дифоъ ва худи гумонбарон аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро озод намояд, зеро дар "кирдорашон таркиби ҷиноят вуҷуд надорад".
Тибқи маводи парванда, Северниҳо соли 2019 аз молики як шабакаи тарабхонаҳо Дмитрий Дремасов бар ивази нашр накардани мавод дар бораи тиҷораташ 200 ҳазор танга ($432) гирифта, аз соҳибкори дигар бо номи Зарета Фаталиева 15 млн танга ($32,4 ҳазор) талаб кардаанд.
Худи гумонбарон ин иддаои муфаттишонро рад карданд.