Умедро барои марги аробакаш ба зиндон андохтанд
Додгоҳи шаҳри Истаравшан ҷавонеро дар куштори як аробакаш гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард. Аммо ҳарду тараф, яъне пайвандони кушташуда ва ҳам ҷавони зиндонӣ аз ҳукм норозиянд. Як ҷониб мегӯяд, ҷазо бояд сахттар мешуд, тарафи дигар бар ин аст, ки ба фарзандаш ноодилона ҷазо додаанд.