Таҳдиди Содир Ҷабборов ба тоҷирони норозӣ аз низоми нави андоз
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, агар тазоҳуроти тоҷирон зидди истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) хотима наёбад, дар бозорҳо мудири берунӣ таъйин хоҳад кард.
Ӯ ин нуктаро дар шарҳи бозидаш аз бозори "Дордой" дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар" баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, агар эътирозҳо хотима наёбанд, ба монанди кони тилои "Қумтор" дар бозорҳои Қирғизистон мудири берунӣ таъйин карда мешавад.
Ҷабборов афзуд, агар мақомот ҷустуҷӯро оғоз кунанд ҳатман амвол ва пулҳое пайдо хоҳанд шуд, ки соҳибонашон барои онҳо андоз хоҳанд супурд. Президенти Қирғизистон гуфт, дар ҳоли ҳозир "садди роҳ"-и қудратиҳои кишвараш шудааст ва намехоҳад ин кор сурат бигирад.
Содир Ҷабборов 5 декабр ба ҳузури фурӯшандаҳои бозори "Дордой" дар канори шаҳри Бишкек рафт ва бо фурӯшандаҳо гуфтугӯ кард. Ӯ ваъда кард, ки низоми нави андозбандӣ то 1 июли соли 2024 ба таъхир гузошта мешавад.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.