"Шиканҷаи кӯдакон онҳоро дурӯғгӯ мекунад"
Боздошти ҷавоне дар Душанбе ба иттиҳоми латукӯби як ноболиғ баҳси азияти кӯдакону наврасонро дар Тоҷикистон бори дигар доғ кард. Як равоншинос мегӯяд, азияту фишор ба равони кӯдакон ва наврасон зарбаи сахт зада, дар вуҷуди онҳо одатҳои бадеро ба мисли дуруғгӯӣ бедор мекунад.