Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Декабрь
2023

Дар Қазон ба ҷонибдорӣ аз Алсу Қурмашева шиор доданд

0
Дар Қазон ба ҷонибдорӣ аз Алсу Қурмашева шиор доданд

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Қазони Русия бо ҳимоят аз озодии расонаҳо ва зидди таъқиби рӯзноманигорон гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Гирдиҳамомадагон аз ҷумла аз рӯзноманигори зиндонии бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева ҳимоят карданд.

Рӯзноманигорон дар Қазон бо шиорҳои зидди фишор ба кормандони расонаҳо гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар бисёре аз шиорҳои гирдиҳамомадагон номи рӯзноманигороне навишта шуда буд, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ кушта ва ё мавриди таъқибу фишор қарор гирифтаанд.

Пулис аз гирдиҳамомадагон талаб кард, ки навиштаҷоти бахшида ба Алсу Қурмашеваро пинҳон кунанд, зеро "ба мавуи гирдиҳамоӣ рабт надорад".

Намояндагони мақомоти қудратии Қазон гуфтанд, гирдиҳамоӣ танҳо бояд ба хотираи рӯзноманигорони кушташуда бахшида мешуд.

Пештар тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" рӯзноманигори бахши тотору башқирди Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ эътироф кард.

Қурмашева, ки шаҳрвандии ИМА ва Русияро дорад, аз охири моҳи октябри соли ҷорӣ бо айби вайрон кардани қонуни "агенти хориҷӣ" дар боздоштгоҳи Қазон нигаҳдорӣ мешавад.

Рӯзноманигорро дар он айбдор мекунанд, ки ба мақомоти Русия барои шомил шуданаш ба феҳристи "агентҳои хориҷӣ" санад пешниҳод накардааст. Дар Русия ин нахустин чунин парванда аст, ки зидди рӯзноманигор боз кардаанд.

Сергей Давидис, роҳбари "Ҳимояти зиндониёни сиёсӣ. Мемориал" гуфт, ба он хотир Қурмашеваро маҳбуси сиёсӣ унвон кардаанд, ки таъқиби ҷиноӣ ва ҳабси ӯро дар робита ба масъулияти довталабона худро "агенти хориҷӣ" унвон кардан ғайриқонунӣ медонанд.

Ин "ба намоиш гузоштани тамоюлҳои авторитарӣ ва ҳатто тоталитарӣ аст, ки дар бисёре аз мавридҳо ҳоло дар Русия мешоҳида мешаванд" бовар доранд дар "Мемориал".

Алсу 25 сол аст, дар бахши тотору бошқирди Радиои Озодӣ кор мекунад ва шиносномаҳои Русияву Амрикоро дорад. Моҳи май ӯ барои аёдати модари бемораш ба Қазон рафт ва дар бозгашт дар ибтидои моҳи июн дар фурудгоҳи Қазон боздошт шуд.

Додгоҳе дар Қазон рӯзи 23 октябр қарор кард Қурмашеваро то 5 декабр дар боздошт нигоҳ дорад. Кремлин ҳама гуна дахолаташ дар ин қазияро рад кардааст. ИМА мегӯяд, ки ин боз як мавриди дигари аз ҷониби ҳукумати Русия озор дидани шаҳрванди Амрико мебошад. То ҳол ба консулгарии Амрико иҷозаи дидор бо Қурмашева дода нашудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Московскому метрополитену исполнилось 89 лет





Москва

Армяне России поддерживают движение «Тавуш во имя Родины»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Неделя мэра: завод «Москвич», гранты для школ искусств и система городских вокзалов



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Инсайты, стратегии и нетворкинг для профессионалов: 21 июня пройдет ежегодный форум «Спорт и Бизнес»

Стартовал финальный этап всероссийского футбольного турнира «Будущее зависит от тебя»


ATP

Стало известно, при каком условии Медведев может опуститься на 5-е место рейтинга ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Яндекс

Яндекс.Недвижимость: за месяц однушки в новостройках Москвы подешевели на 4,5%



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России