Блогер Отабек Сатториро аз зиндон ба маҳбаси сукунатӣ бурданд
Блогери узбекистонӣ Отабек Сатторӣ, ки ду сол пеш 6,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, аз зиндон ба маҳбаси сукунатӣ интиқол дода шудааст.
Дар ин бора Ташкилоти ҷамъиятии узбекистонии "Эзгулик" иттилоъ додааст.
Додгоҳи Музробод Отабек Сатториро 10 майи соли 2021 бар пояи бандҳои "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" ва "Туҳмат" айбдор дониста, 6,5 сол зиндонӣ кард. Додситон барои вай 11 соли зиндон талаб карда буд.
Сатторӣ 29 январи ҳамон сол дар шаҳри Термиз боздошт шуда буд. Дертар ӯро ба тамаъҷӯӣ айбдор карданд.
Отабек Саттории 41-сола раиси вилояти Сурхандарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.
Ахиран "Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" (Committee to Protect Journalists, CPJ) ҳукми зиндони блогнавис Отабек Сатториро маҳкум ва озодияшро талаб карда буд.