Якеро сар буриданду... Ёдоварӣ аз чанд қатли пурсарусадои муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕО
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору маошу зиндагии муносиб танҳо ё ҳамроҳи ҳамсару фарзандон ба Русия мераванд. Ва ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон то ҳазор тобут мефиристанд. Баъзе аз онҳо бар асари беморӣ, тасодуф ё дар пайи ҳамлаҳои миллатгароён ҷон додаанд.