Манбаъҳо: Исроил ва "Ҳамос" бо вуҷуди ихтилофҳо омодаи оташбас ҳастанд
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 17 январ аз қавли манбаъҳои худ дар Миср хабар дод, ки Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" омодаи оташбаси нав дар ҷанги Ғазза ва озодии гаравгонҳо ҳастанд, ҳарчанд ихтилофи назарҳои зиёде дар бораи шеваи ин оташбас вуҷуд дорад.